Созишнома бо истифодабаранда (минбаъд «Созишнома»)

Баргузоркунандаи хизматрасонии «TrainBrain» (минбаъд – хизматрасонӣ), ки он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТАВАССУТИ МОБИЛӢ» мебошад, ба маълумоти Шумо мерасонад, ки бо истифода аз хизматрасонӣ дар натиҷаи фаъолсозии он тибқи тартиби муқарраргардида дар ин Созишнома бо истифодабаранда, шумо тасдиқ менамоед, ки онро хондед, фаҳмидед ва барои риояи ин Созишнома розӣ ҳастед. Вақте ки хизматрасониро бо ҳар роҳе пайваст менамоед, Шумо истифодабарандаи хизматрасонӣ мешавед (минбаъд – Истифодабаранда ё Иштирокчӣ), ва Шумо ба пуррагӣ тобеи муқаррароти Созишномаи мазкур ва қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон мешавед.

1. Истилоҳот ва мафҳумҳо

1.1 Хизматрасонии «TrainBrain» ба Истифодабарандаи хизматрасонӣ имконият фароҳам месозад, ки дар бозиҳои интерактивӣ иштирок карда, хотира, диққат ва тафаккури худро бисанҷад ва беҳбуд бахшад.

1.2. Баргузоркунанда – шахси ҳуқуқие, ки қоидаҳои иштирок дар хизматрасонии «TrainBrain»-ро таҳия менамояд.

1.3. Оператор – шахси ҳуқуқие, ки хизматрасониҳои алоқаи радиотелефонии сайёрро бо бренди Мегафон-Тоҷикистон дар ҳудуди Тоҷикистон дар минтақаи фарогирии шабакаи алоқаи мобилии Мегафон-Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

1.4. Муштарӣ – шахси воқеие, ки муштарии шартномавӣ оиди пешниҳод хизматрасониҳои алоқа бо Оператори алоқаи мобилӣ (ки бо тамғаи тиҷоратии Мегафон-Тоҷикистон фаъолият мекунад) мебошад.

1.5. Иштирокчӣ – Муштарие, ки бо қабули Созишномаи мазкур мутобиқ бо банди 5 ин Созишнома номнавис мешавад, ва аз хизматрасонӣ истифода бурдан меҳоҳад. Иштирокчӣ танҳо аз рӯи рақами муштарии Мегафон-Тоҷикистон муайян карда мешавад.

2. Муқаррароти умумӣ.

2.1. Иштирокчии хизматрасонӣ шахсоне буда метавонанд, ки Муштарии шартномавӣ оиди хизматрасониҳои алоқа бо Оператор дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон мебошанд, ва ба нақшаҳои тарофавии барои шахсони воқеӣ пешбинигардида пайваст шудаанд.

2.2. Баргузоркунандаи хизматрасонии «TrainBrain» Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТАВАССУТИ МОБИЛӢ» мебошад.

2.3. Пешниҳоди хизматрасонӣ аз соати 10:00:00 рӯзи 1 сентябри соли 2021 оғоз мегардад. Баргузоркунанда ҳуқуқ дорад, ки шартҳои хизматрасониро тағйир диҳад ё онро қатъ намояд. Баргузоркунанда вазифадор аст, ки бо ҷойгир кардани маълумоти дахлдор дар сайти: https://brain.megafon.tj/ ва инчунин нашри онҳо дар Созишномаи мазкур на дертар аз 10 (даҳ) рӯз аз санаи ворид кардани чунин тағйирот Истифодабарандаро огоҳ намояд. Истифодабаранда ӯҳдадор мешавад, ки бо маълумоти зикршуда мустақилона ошно шавад. Шартҳои техникӣ, ташкилотӣ ва тиҷоратӣ оиди истифодабарии Хизматрасонӣ, аз ҷумла маълумот дар бораи хизматрасониҳои пулакӣ, аз тариқи ҷойгир карадни онҳо дар Сайт ва Созишномаи мазкур ба маълумоти Истифодабаранда расонида мешаванд.

3. Шартҳои иштирок дар Хизматрасонӣ

3.1. Барои Иштирокчии Хизматрасонӣ шудан, Муштарӣ бояд расман номнавис шавад.

3.1.1. Барои расман номнавис шудан, равишҳои зерин вуҷуд доранд:

3.1.1.1. гузариш бо рамзи кӯтоҳи *861#

3.1.1.2. ирсоли SMS паёмак бо ҳар матн ба рақами 861

3.1.1.3. номнавис шудан дар портали Хизматрасонӣ бо истифода аз пайванди http://brain.megafon.tj

3.1.2. барои қатъи иштирок дар Хизматрасонӣ равишҳои зерини бекор кардани номнависӣ вуҷуд доранд:

3.1.2.1. гузариш бо рамзи кӯтоҳи *861*0#.

3.1.2.2. ирсоли SMS паёмак бо рамзи СТОП ба SMS-рақами 861

3.2. Арзиши иштирок дар Хизматрасонӣ – 99 дирам дар рӯз бо дарназардошти ААИ. Маблағ барои иштирок ҳар рӯз аз ҳисоб кам карда мешавад.

3.3. Барои иштирок дар Мусобиқа телефони мобилии Муштарӣ бояд барои ирсол ва қабули SMS паёмакҳо танзим шуда бошад.

3.4. Номнависӣ барои иштирок дар Мусобиқа новобаста аз ҳолати суратҳисоби рақами муштарӣ, ки Иштирокчӣ бо он дар Мусобиқа иштирок кардааст, анҷом дода мешавад.

4. Қоидаҳои иштирок дар Хизматрасонӣ

4.1. Барои иштирок дар хизматрасонӣ ва гузаштан аз бозиҳо истифодабаранда Нейронҳоро ба даст меорад.

4.2. Ҳарчӣ қадаре, ки нейронҳои истифодабаранда зиёдтар бошанд, рейтинги ӯ ҳамон қадар баландтар мешавад.

4.3. Баргузоркунанда бо салоҳдиди худ ба иштирокчиёне, ки аз ҳамаи бештар фаъол ҳастанд, мукофоти арзишманд дода метавонад, ва дар бораи он дар сайти хизматрасонӣ маълумот дода мешавад.

5. Муқаррароти ниҳоӣ

5.1. Бо иштирок дар хизматрасонӣ, Иштирокчиён розӣ мешаванд, ки Баргузоркунанда, Оператор ва шахсони аз ҷониби онҳо барои баргузор кардани хизматрасонӣ ҷалбгардида маълумот дар бораи ширкати Иштирокчӣ дар хизматрасониро (аз ҷумла маълумот оиди маълумоти шахсии Иштирокчиён ва ҷузъиёти дархостҳои ирсолнамудаи Иштирокчиён) байни якдигар мубодила намоянд.

5.2. Бо иштирок дар хизматрасонӣ, Иштирокчӣ ихтиёран розӣ мешавад, ки Баргузоркунанда, Оператор ва шахсони аз ҷониби онҳо барои баргузор кардани хизматрасонӣ ҷалбгардида амалиёти вобаста ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, ба шахсони сеюм вогузор кардан, коркард ва истифодабарии маълумоти шахсии он Иштирокчӣ барои барқарор кардани тамос бо Иштирокчӣ дар доираи хизматрасониро анҷом диҳанд.

5.3. Баргузоркунандаи хизматрасонӣ ҳуқуқ дорад, ки дар ҳар вақти дилхоҳ шартҳо в тартиби гузаронидани хизматрасониро тағйир диҳад.

Маълумот оиди тағйирёбии шартҳо дар сайти интернетии Баргузоркунанда ҳадди ақал 10 (даҳ) рӯз пеш аз эътибор пайдо кардани тағйирот ҷойгир карда мешавад.

5.4. Агар ҳолате рух диҳад, ки дар натиҷаи он шартҳои мазкур нодуруст тафсир карда шаванд, ва ҳар гуна савол ва/ё масъалаҳои баҳсноке ба вуҷуд оянд, ки дар ин Созишнома ба танзим дароварда нашудаанд, Баргузоркунанда оиди онҳо қарор қабул мекунад.

5.5. Оператор ӯҳдадор аст, ки раванди супоридани мукофотҳоро назорат карда, ҳар гуна даъвоҳоеро, ки вобаста ба он аз ҷониби Иштирокчиён ва шахсони сеюм ба вуҷуд меоянд, ҳал намояд.

УПС...

Эҳтимолан, хизматрасонӣ дар
версияҳои кӯҳнаи нармафзор дар телефон дуруст кор намекунад

Системаи амалкунандаи ҳамаи нармафзорҳоро навсозӣ карда,
тавассути браузери Google Chrome ё Safari ворид шав.

УПС...

Афсӯс, ин барнома дар телефони ту кор намекунад
Телефони дорои базаи IOS ё Android-ро гир
и барои инкишоф додани майнаи худ!

УПС...

Эҳтимолан, интернети ту суст кор карда истодааст
Наберись терпения и дождись, пока загрузятся
все страницы, или перейди на 3G/4G. Когда все
загрузится, начнем ускорять твой мозг!
Лутфан телефонро ба ҳолати вертикалӣ баргардонед!